Язык сайта в процессе перевода.

Ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ

Санаи 24 август бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ш.Конибодом дар назди Раёсати маорифи шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир карда шуд. Дар ярмарка аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо 111 адад номгӯи ҷойҳои холии корӣ пешкаш гардид. Зиёда аз 270 нафар шаҳрвандон дар ярмарка иштирок намуда, 23 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Инчунин 16 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Мақсад аз баргузории ярмарка ин таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва бо ин восита беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагонӣ мебошад. Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр гузаронидани чунин ярмаркаҳоро мунтазам ба роҳ мондааст.
23:50
301
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб