Фурсате бо насли куҳансол

Бахшида ба 25 –солагии Истиқлолияти давлатии кишвар санаи дар Маркази ёрӣ ба калонсолон ва кӯмаки иҷтимоӣ дар хона бо иқдоми санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр чорабинӣ баргузор гардид. Аз ҷониби гуруҳи овозадори «Ҷавонӣ» барномаи рангини консертӣ ва аз тарафи худи кормандони марказ барои куҳансолон дастурхони идона ороста шуд. Пиронсолон аз ин ғамхориву таваҷҷуҳ шод гашта, арзи миннатдорӣ карданд ва зери навои суруду оҳангҳои дилнавоз бо ҳам то дер хушнудӣ карданд.
Воқеан дастгириву ғамхорӣ ба намояндагони ин қишри ҷомеа, ҳамзамон хурсандӣ бахшидан ва даме бо дунёи онон будан амали хайрест.