Язык сайта в процессе перевода.

Баргузории Фестивали фарҳангию сайёҳии "Суғди бостон"

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 августи соли ҷорӣ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" Фестивали фарҳангию сайёҳии "Суғди бостон" баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол ва сокинону меҳмонони маркази вилоят иштирок намуданд. Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. - Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад-қайд намуд А.Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Бояд қайд кард, ки ҷавонони ҳунарманди шаҳри Конибодом низ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсули пурэъҷози дастони худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода корҳои эҷодии ҷавонони мо сазовори баҳои баланд гардида, мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтанд. Ҳадафи аслии баргузор намудани Фестивали мазкур дар вилояти Суғд махсусан дар шаҳри Хуҷанд, ин муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзиши иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ мебошад. Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг намоиши консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
15:09
227
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб