Язык сайта в процессе перевода.

Истироҳати кӯдакон дар урдугоҳи «Шоҳин»

Истироҳати кӯдакон дар урдугоҳи «Шоҳин»
Аз санаи 13 то 17 августи соли равон 27 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамроҳи волидонашон дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» -и шаҳри Гулистон ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд. Муддати рӯзҳои истироҳатӣ бо ин кӯдакон 4 мутахассис оид ба нутқ ва 4 нафар кормандони иҷтимоии шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи шаҳрамон кор бурданд. Бояд қайд кард, ки маблағгузории ин иқдом аз ҳисоби лоиҳаи «Устувор намудани барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа дар се шаҳру ноҳияи ҶТ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Каритаси Олмон амалӣ мегардад, сурат гирифт. Бачагон дар урдугоҳи мазкур бо тамоми шароитҳо таъмин карда шуда, истироҳатро дар табиати зебо сипарӣ намуданд.
15:09
340
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб