Язык сайта в процессе перевода.

Табрикоти Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. бахшида ба Рӯзи касбии кормандони тиб

Табрикоти Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. бахшида ба Рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам кормандони соҳаи тиб! Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мову Шумо дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон – 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати пойдор қарор дорем. Нахуст, иҷозат фармоед, кулли кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, табибону шифокорон, беҳёрону ҳамшираҳои шафқат, собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод намоям. Ҳамаи мо огаҳем, ин рӯзи муборак дар рӯзи мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш имрӯз ҳам раҳнамои аҳли тиб дар саросари ҷаҳон аст, таҷлил мегардад. Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар буда, ҳифзи саломатии инсон рукни муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Бешубҳа, маҳз дар даврони истиқлолият дар ин самт як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ маблағгузории соҳа дар тӯли солҳои охир ба маротиб афзудааст. Натиҷаи чунин ғамхориҳои пай дар пай буд, ки имрӯз, заминаи моддию техникии соҳа таҳким ёфта, биноҳои нави муассисаҳои тиббӣ бунёд мегарданд ва таҷҳизотҳои замонавӣ дастраси мутахассисон ва дар хизмати мардум қарор доранд. Равшан аст, ки ташхису муолиҷаи дурусти беморон, муоширату муносибати нек бо онҳо, содиқ будан ба савганди Ҳипократ ва риояи ҳамешагии этикаи пизишкӣ вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи ҳар як табиб ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки сол аз сол нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустии шаҳр беҳтар мегарданд ва дар ин ҷода, бешубҳа, саҳми шумоён хеле арзанда аст. Боиси қаноатмандист, ки таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони ҷавону соҳибкасб афзуда, бозомӯзии табибон густариш меёбад. Изҳори боварӣ мекунам, ки шифокорони шаҳр, ворисони арзандаи Синои бузург ва тамоми кормандони соҳа дастовардҳои худро афзун намуда, ин санаи муборак- ҷашни таърихии 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо комёбиву муваффақиятҳои назаррас сазовор истиқбол менамоянд. Кулли кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва ҳамаи онҳое, ки хилъати сафед ба бар доранд, бори дигар, ба муносибати иди касбиатон самимона шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандиву саодатмандӣ, сари баланду нерӯи тоза ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо орзу намоям. Бигзор руҳи тавонои аҷдоди бузурги миллатамон, шайхурраис, Абӯалии Сино ҳамарӯза ҳидоятгару раҳнамо ва мададгори ҳар яки Шумо бошад! Идатон муборак! Бо эҳтиром, Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ
15:08
493
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб