Язык сайта в процессе перевода.

Чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Сипар»

Чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Сипар»
Дар мтму№16-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов бо мақсади бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву худогоҳӣ, меҳанпарастиву хештаншиносӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Сипар» гузаронида шуд. Чорабинӣ тайи 3 рӯз доир гардида, бо ҷалби 31 нафар даъватшавандагон сурат гирифт. Ҷавонон бо ҷойи хоб, хӯроки гарм ва сару либоси махсус таъмин карда шуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, давоми 3 рӯз даъватшавандагон дар баробари омӯхтани махсусиятҳои машқҳои ҳарбӣ инчунин дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида, қувваозмоӣ намуданд. Дар рӯзи ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва ҷамоат ба ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ ва онҳое, ки дар баргузории чорбинии мазкур саҳми муносиб гузоштанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар ҷамоатҳо идома дорад.
13:35
272
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб