Язык сайта в процессе перевода.

Мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳо

Мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳо
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли фарди солим ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш байни ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи футбол оғоз гардид. Маросими ифтитоҳи мусобиқа санаи 15 август дар варзишгоҳи дохили боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов, собиқадори соҳаи варзиши шаҳр Аббосхон Маҳмудов ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр баромад намуда, ҳадафи баргузории мусобиқаи варзиширо шарҳ дода, ба иштирокдорони мусобиқа муваффақият таманно карданд. Дар рӯзи нахустини мусобиқа дастаи футболбозони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастаи ҷамоати деҳоти Патар ба бозӣ баромада, бо ҳисоби 5:2 ғолибият ба даст оварданд. Инчунин дастаи футболбозони соҳаи тандурустии шаҳр бо дастаи Раёсати молия ба майдон баромаданд ва бо ҳисоби 5:1 ғолиб гардиданд. Дастаи футболбозон аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов бо дастаи кумитаи замин мусобиқа карда, 4:2 ғолибият ба даст оварданд. ШВКД дар шаҳри Конибодом бо Раёсати маорифи шаҳр ба майдон даромада, бо ҳисоби 4:3 ғолиб гаштанд. Бозии футбол байни дигар ташкилоту муассисаҳо идома дорад.
13:35
265
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб