Язык сайта в процессе перевода.

Мақсад: таъмини сифатнокии маҳсулоти чорво

Мақсад: таъмини сифатнокии маҳсулоти чорво
Дар фермаи зотпарварии ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон семинар-машварати омӯзишию амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои бордоркунии сунъии Чорвои калони шохдор ва истифодаи он дар соҳаи чорводорӣ» баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Валиҷон Азимов, раиси ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» Ҳаитов Абдулло, мутахассисони соҳаи чорводорӣ ва чорводорон иштирок намуданд. Кори семинар-машваратро Сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳр Шарифҷон Ашӯров оғоз намуд. Баъдан мутахассиси ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» Каримов Толибҷон дар мавзӯи «Бордоркунии сунъии ЧКШ ва аҳамияти он дар соҳаи чорводорӣ» баромад кард. Сарбойтори ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» Олимов Абдурашид оид ба бемориҳои узви таносули ЧКШ ва пешгирии онҳо бо истифода аз усулҳои бордоркунии сунъӣ сухан ронд. Баъдан нишондоди амалии мутахассиси ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» доир ба амалияи усулҳои бордоркунии сунъии ЧКШ ва бартарии истифодаи ин усулҳо сурат гирифта, иштирокдорони семинар оид ба тарзу усулҳои бордоркунии сунъии чорво амалан иттилои бештар пайдо намуданд. Байни мутахассисон оид ба мавзӯъҳои семинар саволу ҷавоб доир гардид. Дар анҷом Сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳр Шарифҷон Ашӯров семинарро ҷамъбаст карда, изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории семинар-машварат бештар ба роҳ мондани бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, ба ин васила хушзоткунии чорво, боло бардоштани сатҳи маҳсулнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти чорво, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва бешубҳа таъмини некуаҳволии мардум мебошад.
13:35
311
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб