Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар маркази вилоят
Дирӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ба иттилои Валиҷон Дадозода мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар чорабинии мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иштирок намуда, табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти чорабинӣ ба мураббиён, варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорид шуд ва дар интиҳо барномаи фарҳангӣ манзури аҳли нишаст гардид. Боиси ифтихор аст, ки аз шаҳри Конибодом мураббии варзиш Фотима Боҳирова ва варзишгари гӯштини тарзи озод Шӯҳрат Бозоров бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.
10:56
135
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб