Язык сайта в процессе перевода.

Филми «Коса» дар Фестивали байналмилалии Қазон иштирок мекунад

Филми кӯтоҳҳаҷми «Коса» -и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар дар 12 –умин фестивали байналмилалии филмҳои мусалмонӣ дар Қазон иштирок мекунад. Ин фестивал аз 5-ум то 11-уми сентябри соли равон дар кишвари Қазони Федератсияи Россия доир мешавад ва дар он филмсозони 33 мамлакати дунё иштирок мекунанд. Дар ин бора корманди Муассиаи давлатии “Суғдсинамо” Дилошуб Орифзода иттилоъ дод. Ин филми кӯтоҳмудат аз нахустин филмҳои Муассиаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов мебошад, ки манзури тамошобинон гардидааст. “Коса” 25 дақиқаро дарбар гирифта, дар мавзӯи муҳим- оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он бахшида шуда, сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия шудааст. Муаллифи филм Бахтиёр Каримов буда, нақшҳои асосиро дар ин филм ҳунарманди шинохта Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро кардаанд.
22:25
161
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб