Язык сайта в процессе перевода.

Иқдоми «Нури маърифат»

Иқдоми «Нури маърифат»
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Истиқлолият ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тибқи нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюм, бо дастгирии вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ва фаъолони ҳизб бо мақсади бо маводҳои хониш таъмин намудани кӯдакон аз оилаҳои камбизоат аксияи умумивилоятии «Нури маърифат ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар радифи амалигардонии ин аксия Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, вакили маҷлиси шаҳрӣ Бобоҷонов А.Т хонандагони МТМУ № 3 Сулаймонова Дилдора Зайнидиновна ва Қаюмов Диловар Дилшодовичро аёдат намуда, бо лавозимоти хониш ва либосҳои мактабӣ таъмин намуд. Аз ин иқдом волидон ва пайвандони хонандагон шод гашта, изҳори миннатдорӣ намуданд. Иқдоми «Нури маърифат» идома дорад.
22:25
261
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб