Язык сайта в процессе перевода.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ

Машқҳои пагоҳирӯзӣ
Бахшида ба соли 2016- соли фарди солим дар худуди шаҳр як қатор чорахои мушаххас андешида шуда, баҳри таъмини солимии аҳли ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Аз ҷумла, ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузории рӯзи варзиш гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Ин ҳафта низ бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону сарварон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр дар варзишгоҳи боғи маданият ва истироҳати шаҳр рӯзи варзиш гузаронида шуд. Ҳамагон дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзида, бо машқҳои истеҳсолии пагоҳирӯзӣ шуғл варзиданд. Воқеан солимии ақлу руҳ дар солимии ҷисмонист. Аз ин нуқтаи назар машғул шудан ба ҳама гуна намуди варзиш кафили саломатист. Иштироки дигар сокинони шахр низ дар чунин чорабинии варзишӣ айни муддаост.
12:57
171
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб