Язык сайта в процессе перевода.

Шанбегӣ ба хотири ободӣ

Шанбегӣ ба хотири ободӣ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва соли фарди солим эълон гардидани соли 2016 дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву тозакориҳо бовусъат идома доранд. Чун фарди солим дар муҳити солим ва ҷомеаи ободу осуда ташаккул меёбад, сокинони шаҳр пеш аз ҳама ба ободкориву тозакориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар тамоми мавзеву кӯчаҳои шаҳр корҳои ободониву созандагӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, идома доранд. Сокинони шаҳр бо ғайрати қавӣ камари ҳиммат баста, азм намудаанд, ки то ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар аксари корҳои сохтмониву ободониро ба анҷом расонанд. Бо ин мақсад аҳолӣ тозакориву бунёдкориҳоро вусъат бахшида, шанбегӣ гузарониданд. Ҳар ҳафта гузаронидани шанбегиҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ин навбат низ сокинони шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба шанбегӣ баромада, кӯчаву роҳравҳо ва ҷӯйборҳоро аз ифлосиву партовҳо тоза намуданд. Кормандони ташкилоту муассисахо низ сарҷамъона ба шанбегӣ баромада, атрофи коргоҳҳои худро тоза намуданд. Мардум аҳлона дар шанбегӣ иштирок намуда, дар ободонии маҳалли зист ва деҳот ҳисса гузоштанд. Сомони чунин ободкориҳо хоса дар чунин рӯзҳо саривақтӣ буда, шоистаи пайравист ва идома дорад.
12:57
165
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб