Язык сайта в процессе перевода.

Қадршиносии иштирокдорони машқҳои амалӣ-тактикӣ

Қадршиносии иштирокдорони машқҳои амалӣ-тактикӣ
Чуноне ки иттилоъ дода будем, санаҳои 26-30 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Конибодом машқҳои амалӣ-тактикӣ бо ҷалби шаҳрвандони эҳтиётӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати дастаи шаҳрамон фаъолона ширкат намуда, беҳтарин дониста шудуанд. Аз ҷониби Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба иштирокдорони фаъоли чорабинӣ, аз ҷумла Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ рутбаи ҳарбӣ – «Майор» ва ба комиссари ҳарбии шаҳр Далер Солеҳов Ифтихорнома бо сарфароз гардонида шуданд. Бо мақсади қадршиносии иштирокдорони машқҳои амалӣ-тактикӣ дар мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Раиси шаҳр ба фаъолтарин иштирокчиён ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Шаҳрдор изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шаҳр бо дарки масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар тамоми чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, барои дифои сарзамин ҳамеша омода бошанд.
12:57
154
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб