Язык сайта в процессе перевода.

«Суғдсинамо» аз рӯи асари Сорбон филми нав меофарад

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи номи Комил Ёрматов тасмим дорад дар моҳи сентябри соли равон филми нави худро сабт намояд. Бино ба иттилои Дилошӯб Орифзода, корманди Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ҳоло корҳои омодагӣ барои сабти филми нав идома дорад. Филми нав "Армон" ном дошта, он аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ба навор гирифта мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди кинои миллӣ бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар соли 2015 таъсис ёфта буд. Ҳадаф аз таъсиси ин муассиса рушду нумӯи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҷассум намудани филмномаҳои баландмазмун, пур намудани фазои холии синамои тоҷик ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон тариқи филмҳои хуб барои ҷаҳонинён мебошад. «Суғдсинамо» то кунун филмҳои «Паймон», «Духтари Сайҳун», «Коса» ва «12 соли интизорӣ» -ро пешниҳоди тамошобинон гардонидааст.
09:23
253
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб