Язык сайта в процессе перевода.

Озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин»

Озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин»
Шурӯъ аз санаи 3-юми авугусти соли равон дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ, бо ҷои корӣ таъмин намудани занону духтарон ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят озмун-мусобиқаи вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» гузаронида шуда истодааст. Чуноне ки иттилоъ дода шуд, дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ иштирок намуда, барои иштирокчиёни озмун барору комёбиҳо таманно намуд. Дар озмун 40 нафар бонувоне, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ғолиб шудаанд, тайи ду рӯз аз рӯи шартҳои зерин иштирок ва қувваозмоӣ доранд: - бофандаи моҳир; - сифати беҳтарини адраси дастӣ; - нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ; - адрасбофи беҳтарин (Шоҳҷоиза). Бонувони ҳунарманди шаҳри Конибодом низ бо пешниҳоди маҳсули беҳтарини дастони худ-матоъҳо ва либосҳои гуногуни аз матои адрасу атлас омодагардида дар ин озмун ширкат доранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки занону духтарони гулдаст тўли ин рўзҳо ба ғайр аз нишон додани сатҳу сифати маҳсули дастонашон, ҳамчунин бо дастгирии Раиси вилоят аз ҷойҳои таърихии вилоят дидан карда, инчунин дар истироҳатгоҳи «Чашма»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин-2016» пагоҳ санаи 5-уми август дар вазъияти мутантан ҷамъбаст ва ғолибон муайян хоҳанд шуд. Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ ба маблағи аз 1000 то 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
09:23
182
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб