Язык сайта в процессе перевода.

Мусобиқаи велосипедронӣ

Мусобиқаи велосипедронӣ
Чанде қабл дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла, дар шаҳрамон марафони велосипедронӣ гузаронида шуд. Ин иқдом бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар байни ҷавонон ва наврасон роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа ҷавонон аз корхонаву ташкилотҳои шаҳр, наврасони муассисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида, иштирокчиёни мусобиқа масофаи 3 км-ро тай намуданд. Мусобиқа дар байни гурӯҳи ҷавонону наврасон баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҷойи аввал насиби хонандаи МТМУ№37 Ғаниев Ихтиёр гардида, хонандаи МТМУ№2 Эргашев Отабек ҷойи дуюмро ишғол намуд. Хонандагони МТМУ №3 Ҷӯраев Фирӯз ва МТМУ№7Деҳқонов Далер ҷойҳои сеюро соҳибӣ карданд.
09:23
148
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб