Язык сайта в процессе перевода.

Мусобиқаи байналхалқӣ оид ба гӯштини тарзи озод

Дар шаҳри Исфара бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналхалқӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонон баргузор гардид. Дар қувваозмоии мазкур варзишгарон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, дастаҳои шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳамчунин 7 даста аз шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Суғд, дар маҷмӯъ беш аз 250 нафар варзишгарон ширкат доштанд. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯйи ҳисоби даставӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мақоми аввал гардид.Зинаҳои дуюм ва сеюмро мувофиқан варзишгарони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ишғол намуданд. Аз шаҳри Конибодом 14 нафар варзишгарон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва парчами ҷумҳуриро дар мусобиқа боло бардоштанд: Баротов Шероз дар вазни 66 кг ҷойи аввал Бозоров Шуҳрат дар вазни 74 кг ҷойи дуюм Бобоҷонов Некрӯз дар вазни 74 кг ҷойи сеюм Ҳусейнзода Некрӯз дар вазни 66 кг ҷойи сеюм Солиев Суҳроб дар вазни 32 кг ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
14:20
350
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб