Язык сайта в процессе перевода.

Озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири бахши саноат, алоқа ва нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мудири бахши молиявӣ ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Конибодом озмун эълон менамояд: Мудири бахши саноат, алоқа ва нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мудири бахши молиявӣ ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр - Талаботи тахассусӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ Моҳона: 814 сомонӣ Суроғи қабули ҳуҷҷатҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, кӯчаи Ю.Ёдгоров №73, тел: 3-41-20 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи эълони озмун 21 рӯзро дарбар мегирад.
17:39
281
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб