Язык сайта в процессе перевода.

Озмуни албоми беҳтарин: «Истиқлолият-неъмати бебаҳо»

Озмуни албоми беҳтарин: «Истиқлолият-неъмати бебаҳо»
Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар Шӯрои собиқдорони ҷангу меҳнати шаҳр ва Раёсати маориф байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои шаҳр озмуни албоми беҳтаринро дар мавзӯи «Истиқлолият-неъмати бебаҳо» эълон намуда буд. Инак озмуни мазкур ҷамъбаст карда шуда, ғолибон муайян гардиданд. Албоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр сазовори ҷойи аввал, албоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷои дуюм ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ҳамчун иштирокчии фаъол дониста шуданд. Албоми аҳли омӯзгорон ва касбомӯзони литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр байни литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо беҳтарин дониста шуд. Дар албомҳо, ки аз ҷониби иштирокдорон ба кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод гардида буданд, дастовардҳои муассисаҳо дар даврони Истиқолият инъикос гардида, тавассути суратҳои пурмазмун ва ҷолиби таърихӣ инъикос карда шудаанд. Дар албомҳо инчунин гӯшаҳои алоҳида бо номи «Иҷлосияи ХVI – иҷлосияи тақдирсози миллат», «Истиқлолият поянда бод!» «Родмардони Ватан», «Рӯзҳои китоб дар мактаб», «Президент -кафили сулҳ», «Таблиғи ҳаёти солим», «Бо ту мефахрам, Ватан!» ва монанди инҳо ҷой дода шуда, таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Албомҳои мазкур, ки дар онҳо аз соли 1991 то соли 2016 рӯйдоди ҳар як соли Истиқлолият номнавис шудааст, барои омӯзиши роҳи Истиқлолияти кишвар маводи хуб ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо инчунин гуфторҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ороиш ва аксҳо нишон дода шудаанд. Бояд қайд кард, ки ғолибони озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолият бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо қадрдонӣ мегарданд.
17:39
242
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб