Язык сайта в процессе перевода.

Омодагии ҳарбӣ-кафили таъмини сулҳи пойдор

Омодагии ҳарбӣ-кафили таъмини сулҳи пойдор
Тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 то 30 июли соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Конибодом машқҳои муштараки амалӣ-тактикӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта гузаронида шуда истодааст. Рӯзи аввал дар назди бинои «Кохи мошинсозон» бо иштироки Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо ҷалби нақлиёт ва техникаҳои зарурӣ ва 825 нафар шаҳрвандони эҳтиётӣ дар мавзӯи «Тарзи ҷамъшавии шаҳрвандони эҳтиётӣ» машқҳои ҳарбӣ гузаронида шуд. Рӯзи дуюм тибқи нақшаи вазифавӣ 130 нафар шаҳрвандони эҳтиётӣ бо даъватномаҳои комиссариати ҳарбии шаҳр барои иштирок дар машқҳои муштараки ҳарбии Қӯшунҳои гарнизони Суғд, ки дар машқгоҳи «Нурафшон» -и шаҳри Исфара шуда гузашт, ҷалб карда шуда, сафарбар карда шуд. Дар ин чорабинӣ Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, роҳбарияти вазорати мудофиа, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуданд. Субҳи имрӯз дар чорроҳаи марказии шаҳр назди маркази савдои «Бародарон» ҷамъомади омодагии ҳарбӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳр, сарварони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷавонони сершумор иштирок намуданд. Нахуст комиссари ҳарбии шаҳр Далер Салихов баромад намуда, чорабиниро ифтитоҳ бахшид. Баъдан муовини аввали Раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонов ва мудири бахши фарҳанг Бурҳониддин Ҷабборӣ ба сухан баромада, ҳадафи гузаронидани машқҳои ҳарбиро шарҳ доданд. Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин машқҳои ҳарбӣ баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад ва ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу аҷдодӣ дар омода бошад. Сипас иштирокдорони чорабинӣ дар қисми низомии 04080 шуда, бо қоидаҳои истифодабарии силоҳҳо, иҷрои машқҳои гуногуни ҳарбӣ, идораи нақлиёт ва техникаҳои харбӣ бори дигар шинос гардиданд. Гузаронидани чунин машқҳои ҳарбӣ дар ҳудуди шаҳр идома дорад. Бояд қайд кард, ҳадаф аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, малакаи ҳарбӣ ва омода намудани ҷавонон ба дифои ҳарбӣ мебошад. Мусаллам аст, ки хотири осуда ва зиндагии пурсаодати халқ маҳз аз сулҳу ваҳдати пойдор ва истиқлоли комил вобастагӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар, таъмини якпорчагии Ватан ва ҳифзи марзу буми он, таъмини сулҳу амонӣ вазифаи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус маҳсуб меёбад.
14:03
440
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб