Язык сайта в процессе перевода.

Мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа бояд пурзӯр гардад

Мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа бояд пурзӯр гардад
Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона гардидаанд. Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии Прокурори шаҳр Набиҷон Набиев ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, сардори шӯъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Ҳасан Талбович, Сардори хадамоти гумруки шаҳр Акбар Раҳматов, муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов, аъзоёни Шӯро, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, масъулони САҲШ ва ваколатдорони фаврӣ иштирок карданд. Барои баррасӣ масъалаи мубрами рӯз – «Шомилшавии сокинони шаҳри Конибодом ба равияҳои номатлуб, аз ҷумла, экстремизму терроризм: сабабҳо ва оқибатҳои он» гузошта шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Ҳасан Талбович, муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов ва муфаттиши калони Прокурори шаҳр Сафархон Кабирзода маърӯза намуда, оид ба сабабҳо ва шароитҳои гаравиши аҳолӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ андешаҳои худро баён доштанд. Зикр шуд, ки муноқишаҳое ки дар кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳо ба амал меоянд, нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ба хатарҳои дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Омилҳои бавуҷудорандаи экстремизму терроризм пеш аз ҳама, ба кушодашавии сарҳадҳо барои тиҷорат, ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатии беназорат, афзудани шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ вобастагии зич доранд. Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки имрӯзҳо баъзе сокинони шаҳр, бахусус ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, ба амнияти халқу миллат халал ворид месозанд ва мутаассифона солҳои охир сафи ифротгароён афзуда, оқибатҳои бад пеш меоранд. Баҳри пешгирӣ аз шомилшавии сокинон ба чунин гуруҳҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр якчанд маротиба амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-тафтишотӣ ва пешгирикунанда гузаронида шудаанд. Сипас Прокурори шаҳр аз баромадкунандагон ва дигар роҳбарону масъулони сохторҳо оид ба чораву тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият оид ба пешгирии гаравидани сокинони шаҳр ба ҷараёнҳои ифротӣ пурсон шуд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ низ ба сухан баромада, зимни суханронӣ гаравиши мардумро ба гуруҳҳои ифротӣ зуҳуроти хатарноки ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳар як фарди солимфикри шаҳр бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 25-солагии он таҷлил мегардад, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорад. Дар фарҷом Прокурори шаҳр Набиҷон Набиев ҷаласаро ҷамъбаст намуда, дар ин росто, вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологиро барои фош намудани ҳадафҳои фоҷиабори гуруҳҳои тундрав яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон тазаккур дод. Пурзӯр намудани муборизаи беамон бо ифротгароён ва пайравони онҳо, гирифтани пеши роҳи онҳо, беҳтар кардани сатҳи тарбияи насли наврас, зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти имомхатибон ва масҷидҳо, рафтору гуфтори ҷавонон бори дигар таъкид карда шуда, бо ин мақсад дар назди масъулини сохторҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
18:20
313
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб