Язык сайта в процессе перевода.

Ҷаласаи ҳисоботии кумиҷроияи ҲХДТ

Ҷаласаи ҳисоботии кумиҷроияи ҲХДТ
Дар толори коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода ҷаласаи ҳисоботии кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, муовини раиси шаҳр Замира Ашурматова, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд. Ҷаласаро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Азимҷон Бобоҷонов ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Ба рӯзномаи маҷлис ду масъала гузошта шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома А.Бобоҷонов бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар давраи сипаригашта фаъолиятро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани ХII ҲХДТ ва супоришҳои Кумиҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ кӯшиш ба харҷ дод. Қайд гардид, ки айни ҳол 6354 нафар аъзоёни ҳизб дар 62 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гаштаанд ва дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби фаъолон ва ҷавонон 308 нафар аъзоёни ҳизб зиёд шуд. Мавсуф зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ масъалаи ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҳизб буда, дар масъалаи ҷалби аъзоён ба сафи ҳизб соҳаҳои маориф, тандурустӣ, корхонаи таъмири қатораҳои Маҳрам, коллеҷи омӯзгорӣ, литсейи касбии саноати кишоварзӣ, роҳи оҳани Истиқлол ва бонки Имон-интернешнл фаъолияти хуб нишон доданд. Аз ҷониби кумиҷроия барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, зӯроварӣ нисбати занон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тайёр кардани кадрҳои ҷавони болаёқат ва мусоидат ба шуғли онҳо, инчунин ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ якчанд вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, озмуну мусобиқаҳои мухталиф ва аксияҳо ташкил ва гузаронида шуд. Дар баробари муваффақияту дастовардҳо инчунин камбудиҳои ҷойдошта низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар музокираи маърӯза раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ, раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳи таъмири қатораҳои Маҳрам Эркинчон Ғафуров ва раиси ташкилоти ибтидоии муассисаи томактабии №6 Иноят Бобоҷонова баромад намуда, таклифу дархостҳои худро барои пешбурди кори кумиҷроияи шаҳрӣ пешниҳод карданд. Сипас тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа нақшаи кории кумитаи иҷроия барои нимсолаи дуюм тасдик карда шуд. пас аз муҳокимаи масъалаҳои пешниходшуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов баромад намуда, баҳри пешрафти фаъолият ва бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта аз ҷумла, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби занону духтарон, диққати ҷиддӣ зоҳир намудан ба сатҳи сифатию миқдории аъзоёни ҳизб, пурзӯр кардани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, ташкили хоҷагии ёрирасон дар назди комиҷроия, танзими интизоми меҳнат ва ғайра дастуру супоришҳо дод. Дар фарҷоми ҷаласаи ҳисоботӣ муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматова ба сухан баромада, аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар самти ободонии шаҳр, пешгирии вайроншавии оилаҳо, бурдани корҳои ташвиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҳарвақта бештар ҳиссагузор бошанд. Чун анъана ба як гуруҳ аъзоёни нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд. Ҷаласа бо вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ анҷом ёфт.
14:51
230
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб