Язык сайта в процессе перевода.

Дастоварди хатмкунандагон: ду медали тилло ва як нуқра

Тайи 11 соле, ки толибилм паси мизи дабистон сипарӣ мекунад, баҳри худ дунёи илму маърифатро ҳосил менамояд. Ҳар нафаре, ки дар пайроҳаи илму дониш пайи омӯхтан ҷиддӣ раҳсипор мешавад, ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб мегардад. Соли равон аз тарафи Раёсати маорифи шаҳр ба озмуни ташхиси ҳуҷҷатҳои довталабон барои гирифтани медали тилло ва нуқра 5 нафар хамткунандагон пешниҳод шуда буданд. Ҳуҷҷатҳои се нафар – Комрон Фаррухзода аз гимназияи №1, Ганҷина Музаффарзода аз муассисаи таълимии №26 ва Гавҳархон Мамадҷонова аз литсейи №1 аз санҷиши комиссияи вилоятӣ гузашта, ба давраи ниҳоӣ пешниҳод гардида буданд. Инак ин се нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳр дар даври ниҳоии озмун, ки дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Комрон Фаррухзода аз гимназияи №1 ва Гавҳархон Мамадҷонова аз литсейи №1 ба гирифтани медалҳои тилло ва Ганҷина Музаффарзода аз муассисаи таълимии №26 ба гирифтани медали нуқра сазовор гаштанд. Бояд қайд кард, ки ин ғолибият барои хатмкунандагони макотиби шаҳр дар даҳ соли охир нахустин маҳсуб ёфта, боиси сарфарозиву ифтихор аст. Дар комёбии хатмкунандагон саҳми муаллимон басо муҳим буда, он самараи меҳнати пурсамари ҷомеаи омӯзгорони дабистонҳо мебошад.
14:47
187
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб