Язык сайта в процессе перевода.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали хоҷагии халқи шаҳр

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали хоҷагии халқи шаҳр
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Шарифҷон Абдуллоев, роҳбарияти шаҳр, фаъолон, сарварони сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласаро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов дар назди иштирокдорон маърӯза намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳр, иҷрои қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ равона намуда, давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст намуд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо 94,4 фоизро ташкил дода, ба ҷои 24 млн. 660 ҳазору 460 сомонӣ, дар асл 23 млн. 267 ҳазору 947 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 1 млн 392 ҳазору 513 сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 528 ҳазору 607 сомонӣ зиёд мебошад. Аз 11 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 6 намуди он таъмин гардида, нақшаи 5 намуди андозҳо иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 2 млн 481 ҳазору 770 сомонӣ маблағ ворид нашуд. Инчунин, вазъи соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, саноат, маорифу тандурустӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳатҳои мусбию манфии онҳо қайд карда шуд. Чуноне дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, дар самти корҳои ободонӣ дар соли 2016 сохта ба истифода додани 25 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 11 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Оид ба таъмиру нигаҳдории роҳҳо ба маблағи 129743 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд. Зикр гардид, ки коргоҳҳои калону миёна ва хурди шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳамагӣ ба миқдори 9 млн. 693 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли гузашта 108 фоизро ташкил дода, ба миқдори 778 ьазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 6 коргоҳи саноатӣ бо 159 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра корхонаҳои ҶДММ «Шоҳон», ҶДММ «Билол-груп» ва КМ «Ассор-Перм», ҶС “Конибодом” фаъолият накарданд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз роҳбарони корхонаҳое, ки дар ин давра фаъолиятро хуб ба роҳ намонда, сабабҳои пастравию кашолкориҳо шудаанд, пурсон шуда, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот супоришҳои қатъӣ дод. Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Шарифҷон Абдуллоев баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва камбудиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сухан ронд ва баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод. У изҳори итминон намуд, ки сокинони шаҳри Конибодом ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишарро бо дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр истиқбол хоҳад гирифт. Ҷаласаро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҷамъбаст намуда, ба масъулон ҷиҳати ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, беҳтар ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва дар ин замина густариш додани корҳои созандагиву бунёдкорона ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифагузорӣ намуд.
17:31
188
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб