Язык сайта в процессе перевода.

Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Конибодом дар маркази вилоят

Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Конибодом дар маркази вилоят
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 19 майи соли 2016 оиди баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, дар доираи ин рӯзҳо озмуни вилоятӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, санаи 17 июл Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Конибодом дар маркази вилоят баргузор гардид. Нахуст дар даромадгоҳи маҷмааи фарҳангӣ намоиш-виставкаи ҳунарҳои бадеии халқӣ бо дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла, гулдӯзӣ, заргарӣ, бӯйробофӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, дастурхони миллӣ ва таомҳои миллӣ аз ҷониби сокинони шаҳри Конибодом ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳайати ҳакамони озмун, сокинони сершумор ва меҳмонон аз намоиш бомароқ дидан карданд. Баъдан аҳли ҳунару санъати шаҳрамон бо барномаҳои рангину пурмазмун баромад намуданд. Бахусус намоиши сарулибоси қадимаи миллии тоҷикии мардона ва занона, суруди халқҳои сокини минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, порча аз анъанаҳои мардумӣ ва сюитаи овозию рақсӣ, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии шаҳр пешкаши сокинони Хуҷандшаҳр гардид, ҷолиби диққат буд. Ёдрас мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ ва дарёфту ба рӯи саҳнаи ҳунар овардани чеҳраҳои нав гузаронида шуда истодааст. Озмун дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо мукофотпулӣ ва дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд.
17:31
228
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб