Язык сайта в процессе перевода.

Пирамарди 71-сола ҳамсояашро ба қатл расонд

Пирамарди 71-сола ҳамсояашро ба қатл расонд

17-уми июл зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 71-солаи сокини шаҳри Конибодом, нафақахӯр бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.


Гумонбаршуда, бинобар сабаби хусумат доштан нисбат ба ҳамсояаш марди 65-сола, маъюби гӯруҳи 2-юм, бо ӯ муноқиша намуда, аз яроқи шикории тамғаи ИЖ-16, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба муқобили ӯ як маротиба тир холӣ карда, захмӣ намудааст. Сипас, корд гирифта, се маротиба ба қисмати шикам ва қафаси синаи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа марди 65-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

10:41
606
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб