Язык сайта в процессе перевода.

Семинари омӯзишӣ баҳри пешгирии коррупсия

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 таъкид шудааст: “Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.” Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон баргузории семинарҳои омӯзиширо барои ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда, чунин семинарро ин навбат санаи 15-уми июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом доир намуд. Семинар таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов баргузор гардида, дар он Сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саломзода Наимҷон Раззоқ, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутавалиён Шоира Абдувалӣ, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳимзода Баҳодур Салим, Директори ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон Сайфиддинов Азимҷон Аҳмадович, ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди ҷамоатҳои деҳот, раёсати маориф, бахши фарҳанги шаҳри Конибодом ва намояндагон аз шаҳри Исфара иштирок намуданд. Сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саломзода Наимҷон Раззоқ ба сухан баромада, қайд намуд, ки пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили коррупсия вазифаи аввалиндараҷа ва ногузири комиссияи ҷамъиятӣ ба шумор рафта, бо он бояд муборизаи пурзӯр бурда шавад. Баъдан дар мавзӯи Вазифаҳои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва банақшагирии фаъолияти онҳо нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутавалиён Шоира Абдувалӣ маърӯза намуд. Нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳимзода Баҳодур Салим перомуни андешидани чораҳо оид ба татбиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди коррупсия баромад кард. Дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён тартиби банақшагирии фаъолият, вазифаҳои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамкории институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муқовимат бо коррупсия баён карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати решакан кардани коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тадбирҳои иловагиро амалӣ месозад, ки қабул ва татбиқи муваффақонаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 аз қабили онҳост. Бояд тазаккур дод, ки баргузории семинари мазкур барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ба ин васила пурзӯр намудани муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
09:23
248
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб