Язык сайта в процессе перевода.

Баргузории нишасти матбуотии Раиси шаҳри Конибодом

Баргузории нишасти матбуотии Раиси шаҳри Конибодом
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 ва тибқи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 15 июли соли 2016 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳр нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2016 бо иштироки кормандони васоити ахбори оммаи шаҳр баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, масъулини сохторҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот, рӯзноманигорон ва аҳли қалам аз телевизионҳои маҳаллии «Анис», «ТВ-5», рӯзномаҳои маҳаллии «Садои Конибодом», радиои маҳаллӣ ва рӯзноманигорони озод иштирок доштанд. Дар оғоз Раиси шаҳр иловатан ба маълумоти қаблан дастрасшуда оид ба баъзе нишондиҳандаҳои назаррас ва нақшаҳои созандаи минбаъда иттилоъ дод. Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои гуногун пешниҳод карда шуданд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба ҳамаи саволҳои аҳли қалами шаҳр посухҳои мушаххас дод. Рӯзноманигорон асосан оид ба масъалаи вазъи таҷдиди «Қомуси Конибодом» ва нашри дуюмбораи он, баланд будани нархи хизматрасонии наворбардорон ва тӯйхонаҳо, нашри маводҳои танқидию тавсифӣ дар нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, сабабҳои аз фаъолият бозмондани ҶСК «Конибодом», ҳиссаи мактаббачагон дар дастовардҳои соҳаи варзишии шаҳр, фаъолияти хайати дастаи футболи «Канд», вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш, ташкил кардани боғҳои интенсивӣ, ҳолати кишти пахта дар заминҳои кишоварзӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва ғайраҳо саволу дархостҳо пешниҳод карда, аз Раиси шаҳр посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳангоми ҷамъбасти нишасти матбуотӣ бобати нақшаҳои бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои нимсолаи дуюми соли 2016 сухан рафта, дар тарғибу ташвиқи иқдомҳои созанда нақши рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма таъкид гардид. Дар анҷом нишасти матбуотиро Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ ҷамъбаст карда, рӯзноманигоронро ба воқеъбинона инъикос кардани воқеаву рӯйдодҳо ва боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият давоми соли 2016 даъват кард.
09:10
275
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб