Язык сайта в процессе перевода.

Ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ

Ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ
Дар толори идораи ҷамоати деҳоти Пӯлодон ҷаласаи муштараки ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» бо хазинаи Авруосиёгии Осиёи марказӣ-Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор гардид. Дар ҷаласа муаммоҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, дарёфти бемории пайдошудаи норасоии масъуният, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва пошхӯрии оилаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» Мавлуда Боҳирова, менеҷери лоиҳа Заррина Ғафурова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон Азимҷон Сайфиддинов, маслиҳатчии лоиҳа Аҳадҷон Абдуваҳҳобов, духтур Муҳтарама Абдусатторова оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ташкилот ва аз байн бурдани муаммоҳои ҷойдошта мубодилаи афкор намуданд. Меҳмонон аз фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ҳудуди ҷамоат изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки баҳри дарёфти бемории хатарзо- Вируси норасоии масъунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масъуният (ВИЧ/СПИД) бетараф набошанд.
17:54
229
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб