Язык сайта в процессе перевода.

Суғдсинамо» филми навашро дар пойтахт ба намоиш гузошт

Рӯзи гузашта, 12 июл Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи номи Комил Ёрматов дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев филми ҳунарии "12 соли интизорӣ" - ро ба намоиш гузошт. Филми навро Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои «Синамо» ва «Танин» таҳия намудааст ва дар он ҳунармандони тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Фарҳод Тухташев, Насриддин Асадуллоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва дигарон нақш офаридаанд. Коргардони филм ҳамдиёрамон Муҳиддини Музаффар ва муаллиф Бахтиёр Каримов мебошанд. Нақши асосиро дар филми «12 соли интизорӣ» ҳунарманди ҷавону боистеъдод Таҳмина Раҷабова мебозад. Ӯ барандаи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизионии «Сафина» ва дорандаи ҷоизаи Фестивали байналмилалии синамо дар Ҳиндустон барои беҳтарин нақши занона (2013 с) мебошад. Дар филм матонату ҷасорат ва сабри зани тоҷик, ки 12 сол шавҳарашро интизор мешавад, нишон дода шудааст.
17:54
161
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб