Язык сайта в процессе перевода.

Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон

Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қадршиносии маъюбону пиронсолон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа ва ба ҳалли мушкилоти онҳо давлат мунтазам аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Боиси хушнудист, ки маҳз бо иқдоми нек ва сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки ин иқдом аҳли ҷомеаро бори дигар водор месозад, ки ба ин қишри ҷомеа бештар рӯ оварда шуда, баҳри ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои марбут ба онҳо мусоидат карда шавад. Бахшида ба ин рӯз дар тарабхонаи «Корвон»-и шаҳри Конибодом чорабинии идона баргузор карда шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоҷон Фозилов барои 60 нафар маъюбон ва пиронсолон дастурхони идона ороста шуд. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳр Замирахон Ашурматова иштирок ва баромад намуда, табрикоти Раиси шаҳрро ба муносибати Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба самъи ҳозирин расонид. У аз ҷумла қайд кард, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимон дар саргаҳаи сиёсати давлат қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ низ фаъолияти худро барои ҳаматарафа фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба маъюбон ва пиронсолон, беҳтар кардани нигаҳдории тандурустӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият равона кардааст. Иштирокдорони чорабинӣ сари дастурхони идона Рӯзи идро бо шодиву нишоти бепоён таҷлил намуда, бо шукргузорӣ аз замони осоишта, имконоти фароҳамовардашуда барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат миннатдорӣ баён карданд. Баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ пешкаш гардид.
16:15
282
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб