Язык сайта в процессе перевода.

Аёдату дидорбинӣ дар арафаи Иди саиди Фитр

Аёдату дидорбинӣ дар арафаи Иди саиди Фитр
Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, саховатмандон, имомхатибон, вакилони маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ ва дигар шахсони хайрхоҳ зиёда аз ҳазор нафар шахсони маъюбу ниёзманд, ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ, аз қабили орду равған, биринҷ ва дигар маводи озуқа расонида шуд. Аёдатшудагон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод гашта, ба роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр арзи миннатдорӣ карданд.
16:15
205
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб