Язык сайта в процессе перевода.

Табрикоти Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Иди саиди Фитр

Табрикоти Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Иди саиди Фитр
Ҳамдиёрони гиромӣ! Ҳамаи шумоёнро ба муносибати Иди саиди Фитр самимона шодбош намуда, дар ин рӯзҳои мунаввар бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори хушу босаодат ва ба ҳар як хонадон файзу баракот орзу менамоям. Иди саиди Фитр аз ҷумлаи муқаддастарин ҷашнҳои суннатиамон ба шумор рафта, хусусан дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Мардуми мӯъмину мусалмони мо фарзу суннатҳои Иди саидро бо як дилбастагӣ ва муҳаббати хоса ба ҷо оварда, ин айёми мунавварро бо дилу чеҳраҳои кушод, шафоату саховат, покиву покизарӯзгорӣ, муҳити созандаву обод ва дар ҳавои мусаффои дӯстиву бародарӣ истиқбол менамоянд. Хушбахтона, имрӯзҳо, туфайли иқдоми оқилона ва хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат дар кишвари биҳиштосои мо бинои сулҳу ваҳдати комил пойдору устувор гардида, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои ниҳоиямон – расидан ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи накӯ ва рӯзгори осудаву обод заминаҳои мусоид муҳайё гардидааст. Чуноне ки огаҳӣ доред, солҳои охир дар оғози ин моҳи муборак табрикоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раьмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон манзур гардида, дар он Сарвари давлат такя бар ҳадисҳои Паямбари Худо, Ҳазрати Расули Акрам (с.), ки умматони хешро ба хайру сахо ва ёриву дастгирии ҳамдигар даъват менамуданд, дар баробари зикри хосиятҳои наҷиб ва фазилатҳои ин моҳи шариф ба мардуми саховатпеша муроҷиат намуда, аз эшон даъват ба амал меоваранд, ки дар ин айёми муборак бештар ба амалҳои хайру сахо рӯ оварда, ба мискинону бечорагон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз намоянд, ҳамзамон тоҷирону соҳибкоронро баҳри устувор доштани нарху навои маводи хӯрока ва дар як меъёри муайян нигоҳ доштани он ҳидоят намуданд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин рӯзҳои муборак сокинони шаҳр, хосатан, соҳибкорону саховатмандон, роҳбарону сарварони ташкилоту муассисаҳо рӯ ба табақаҳои ниёзманд оварда, ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоянд. Ҳамчунин, изҳори умед мекунем, ки ҳама якҷоя ба тозагиву ободии ҳудуди хеш ва корҳои созандаву бунёдкорона вусъати тоза бахшида, диёри азизро боз ҳам зеботару ободтар мегардонем ва бо ин амали неки худ 25 –умин солгарди Истиқлолияти давалати Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро сазовор истиқбол менамоем. Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, ба муносибати Иди саиди Фитр тамоми сокинони шаҳрро муборакбод намуда, барои ҳамаи мусулмонон тандурустӣ, ризқи фаровон ва саодати рӯзгорро орзумандам. Иди саиди Фитр муборок, ҳамдиёрони азиз! Бо эҳтиром, Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ
21:47
289
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб