Язык сайта в процессе перевода.

90-солагии падари қаҳрамон

90-солагии падари қаҳрамон
Бузургдошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидоиёни Ватан ва аёдату дидорбинии онҳо пайваста дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Ин навбат роҳбарияти шаҳр, шахсан Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба манзили иштирокчии ҷанг, дорандаи якчанд ордену медалҳои ҷангӣ, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов Абдуваҳҳоб Махкамов ташриф оварда, ӯро ба муносибати 90-солагии ҷашни мавлудаш шодбош гуфт. Ба соҳибҷашн табрикоти мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳрро расонида, давлати бардавоми пириву сиҳатмандӣ таманно кард. Имрӯзҳо ин падари азиз, ки давраи ҷавонии худро дар майдони набарди ҷанг сипарӣ намудааст, ҷашни 90-солагии умрро дар иҳотаи фарзандон, набераву аберагон ва пайвандонаш таҷлил менамояд. Дар ҷараёни дидорбинӣ шаҳрдор бори дигар барои ҷонфидоиҳо, корнамоиву қаҳрамониҳо ба ин падари қаҳрамон, ки дар қатори ҳазорон нафар иштирокчиёни ҷанг шуҷоатмандона ҷангида, барои имрӯзиён зиндагии осоиштаро эҳдо кардааст, арзи миннатдорӣ кард. Дӯстону ҳамяроқон ва пайвандони Абдуваҳҳоб Махкамов шодишарики лаҳзаҳои хотирмони 90-солагӣ гашта, аз корнамоиҳои ҷангии ӯ ёдрас шуданд. Хонандагони мактабҳо бо қироати шеърҳо аз хусуси сулҳу Ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва якдиливу бародарӣ бобои қаҳрамони худро табрик гуфтанд. Абдуваҳҳоб Махкамов аз ғамхориҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр шод гашта, миннатдории бепоён изҳор дошта, дасти дуо бардошт. У аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дӯстдору посдори ин сарзамини биҳиштосо бошанд. Чунин иқдоми наҷиб аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, барои арҷгузорӣ ба меҳнату талош ва ҷонфидоиҳои иштирокчиёни ҷанг, фарзандони сарсупурдаи миллат, ки бо гузашти солҳо қадру манзалати онон боз ҳам меафзояд, амалӣ гардида, барои насли оянда дарси ватандорист.
21:47
263
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб