Язык сайта в процессе перевода.

Маросими лавҳагузорӣ ба хотири кишоварзи асил

Маросими лавҳагузорӣ ба хотири кишоварзи асил
Дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Зарбед кӯчаи наве номи Набиҷон Инъомовро дорад. Корманди шоистаи Тоҷикистон Набиҷон Инъомов солҳои зиёд дар хоҷагии овозадори «Москва» заҳмат кашида, баъди Қаҳрамони Меҳнат Энаҷон Бойматова зимоми корро ба даст гирифт ва шуҳрати ҷамъияти саҳхомии ба номи ин қаҳрамонзанро боз ҳам боло бурд. Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саргаҳи кӯчаи ба номи Набиҷон Инъомов маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдбуд баргузор шуд. Пардаро аз рӯи ин тахтасанг Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва кадбонуи хонадони Инъомов –Дилбархон Инъомова бардоштанд. Сипас шаҳрдор дар бораи роҳи тайкардаи Набиҷон Инъомов, фидокориҳои ӯ дар ҷодаи хидмат ба ҷомеа суханронӣ намуд. Қайд кард, ки зиндагинома ва кору пайкори ин деҳқони варзида мисоли барҷастаи садоқату меҳнатдӯстӣ буда, фаъолияти пурбаркати ӯ барои насли имрӯзу фардо шоистаи ибрат ва намуна ба шумор меравад. У тавассути кордониву масъулиятшиносӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун-пахтакориву тухмипарварӣ, чорводорӣ, сабзавоту мева саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин аз ободкориҳои устод ба мисли гузаронидани хатти гази табиӣ дар ҳудуди ҷамоат, сохтмони коргоҳҳои консервбарорӣ, истеҳсоли панир, макарон, коркарди хӯроки чорво, бунёди кӯдакистон бо фарогирии 140 нафар кӯдакон ёдовар шуд. Шаҳрдор изҳори боварӣ кард, ки сокинони сарбаланди ин маҳал тавассути кору фаъолияти некашон ҳамеша қадру манзалати ин деҳқони варзидаро гиромӣ медоранд. Баъдан ҳамкорону ҳамсолон, шарикдарсон ва пайвандони Набиҷон Инъомов аз ҳаёти ин марди шариф қиссаҳои ибратомӯз карданд. Ному кори неки чунин инсонҳои фарзона бо гузашти солҳои зиёд низ дар қалби мардуми шариф боқӣ хоҳад монд.
16:51
235
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб