Язык сайта в процессе перевода.

Ёди табиби ҳозиқ

Ёди табиби ҳозиқ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, табибони беморхонаи марказиву бачагонаи шаҳр бахшида ба 75-солагии ёдбуди яке аз симоҳои намоёни соҳаи тандурустии шаҳрамон, духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии нигаҳдории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Раҳматҷон Ёқубов ҷамъомад баргузор гардид. Онро менеҷери сохтори госпиталии шаҳр Шавкатҷон Ёқубов оғоз бахшид. Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодурҷон Маҳмудов ба сухан баромада, қайд кард, ки шодравон Раҳматҷон Ёқубов яке аз инсонҳои мӯътабаре буд, ки тӯли солҳо дар рушду пешрафти соҳаи тандурустии шаҳр, хусусан самти пешгирии бемориҳои бачагона хизматҳои арзанда карда, дар баробари муолиҷа ҳамчунин дар ҷодаи корҳои ташкиливу навоварии беморхонаи бачагона саҳми босазо гузоштааст. Қобили қайд аст, ки кӯшишу талошҳои пайваста ва меҳнати босамару бенуқсони шодравон аз ҷониби давлату ҳукумат бо якчанд мукофотҳои арзанда – унвони духтури дараҷаи олӣ, Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттифоқи Шӯравӣ ва Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон сазовор қадрёбӣ карда шудааст. Баъдан сардухтури беморхонаи бачагонаи шаҳр Қурбонбой Раҳимов перомуни фаъолияти пурсамар ва рӯзгори ибратбахши шодравон Раҳматҷон Ёқубов маърӯза намуд. Гуфта шуд, ки Раҳматҷон Ёқубов натанҳо чун табиби касбӣ, балки ҳамчун шахси зиёӣ дилсӯзи пешаи пурифтихори шифоркорӣ ва ҳамзамон инсони хоксору фурӯтан, ҳамсару падари меҳрубон ва хусусан барои ҷавонон намунаи беҳтарини кору зиндагӣ буданд. Хислатҳои наҷибу нодири устод –қобилияти баланди ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, кордониву ташаббус, серталабӣ буда, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва фаъолият қарор дошт. Дӯстону ҳамкорон, шарикдарсон, шогирдон ва пайвандони шодравон низ ба сухан баромада, аз саҳми сазовори ӯ хусусан дар таъсиси шӯъбаи бачагона, табдили шӯъба ба беморхонаи бачагона, сипас такмили фаъолияти он ва то дақиқаҳои охири умр сарвари беморхонаи мазкур ва ба мактаби таҷрибаи пешқадам мубаддал намудани он ва ниҳоят тарбияи як зумра шогирдони соҳибкасб мутазаккир шуданд. Воқеан инсонеро, ки ҳамеша даст ба амалҳои хайру накӯ, созандагию бунёдкорӣ мезанад, ба некӣ ёд меоранд.
16:51
280
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб