Язык сайта в процессе перевода.

Ҷашни омӯзгори варзида

Ҷашни омӯзгори варзида
Дар толори раёсати маорифи шаҳр ба ифтихори 75-солагии мавлуди омӯзгор ва рӯзноманигор Дадоҷон Ализода маҳфили бошукуҳ доир гардид. Дар он ҳамкорон, дӯстону шогирдон ва фарзандону пайвандони соҳибҷашн иштирок ва баромад намуда, кору пайкор ва хислатҳои ҳамидаи ин қаламкашро ситоиш карданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шоирахон Валиева баромад намуда, ин омӯзгори пуртаҷриба ва рӯзноманигори номиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик гуфт ва сиҳатмандиву сарбаландиҳо таманно кард. Зикр кард, ки Дадоҷон Ализода ҳамчун омӯзгор ва олим баҳри тарбияи кадрҳои болаёқати соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми назаррас гузошта, тайи солиёни зиёд чун омӯзгори фанни забон ва адабиёт дар мактабҳои миёнаи шаҳр, шӯъбаи маориф ва идораи рӯзномаи маҳаллӣ кори омӯзгориро пайваста бо кори рӯзноманигорӣ ба иҷро расонида, дар ҳар соҳа сарбаландона ифои вазифа намудааст. Сипас ҳамкорон ва дӯстон аз хислатҳои наҷиби Дадоҷон Ализода мутазаккир шуданд. Гуфта шуд, ки Дадоҷон Ализода дар байни мардуми шаҳр ҳамчун шахси нексиришту таҳаммулпазир, оқилу кордон, хоксору фурӯтан ва фидоии кори халқ шинохта шуда, дар ҷомеа соҳиби эҳтиром ва мақому манзалати хоса гардидааст. Изҳори итминон гардид, ки Дадоҷон Ализода минбаъд низ тавассути кӯшишҳои арзанда, маслиҳату машваратҳои манфиатбахш ва қалами бурро дар ободии диёр саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Дар маҳфил муҳассилини мактабҳо аз асарҳои муаллими эҷодкор пораҳо қироат намуданд.Чорабинӣ бошукуҳу хотирмон ҷараён гирифт. Ёдрас мешавем, ки Дадоҷон Ализода солҳои тӯлонӣ пайваста бо касбҳои омӯзгорию рӯзноманигорӣ инчунин ба эҷоди бадеӣ ҳам шуғл меварзад. Солҳои 2012-2015 дар вазифаи мудири шӯъбаи саноат ва кишоварзии рӯзномаи шаҳрӣ ифои вазифа кардааст. Аз соли 2015 инҷониб муаллими мтму №7 мебошад. Хизматҳои бардавому арзандаи ӯ бо якчанд унвонҳо ва сипосномаву ифтихорномаҳо сазовор қадрёбӣ гардидааст.
16:51
233
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб