Язык сайта в процессе перевода.

Беҳтар намудани ҳолати заминҳои мавзеи «Пойменная»

Беҳтар намудани ҳолати заминҳои мавзеи «Пойменная»
Дар Раёсати кишоварзии шаҳр ҷаласаи ситоди корӣ оид ба беҳтар кардани ҳолати заминҳои мавзеи Пойменная баргузор гардид. Ҷаласаро раиси ситод Валиҷон Азимов оғоз бахшида, аз аъзоёни ситод оид ба корҳои анҷомдодашуда пурсон шуд. У қайд кард, ки ситоди мазкур доимоамалкунанда буда, дар ин самт корҳо бояд пурзӯр карда шаванд. Муовини сардори ситод Баҳром Алиев дар баромади худ иттилоъ дод, ки то имрӯз дар мавзеи Пойменная се адад экскватор кор карда истодааст ва 10 км коллекторҳои ин мавзеъ кофта шудааст. Аз ҳисоби кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр чор адад посбон вобаста шуда, автомашинаи хизматӣ дар ихтиёри посбонон қарор дорад. Оид ба бо девори бетонӣ маҳкам намудани ин мавзеъ гуфта шуд, ки пас аз кофта шудани коллекторҳо пурра маҳкам карда мешаванд. Аз ҷониби сардори ситод ӯ муваззаф гардид, ки таъминоти оби полезӣ дар ин минтақа дуруст ба роҳ монда шавад. Аъзоёни ситод-сардори шабакаи барқи шаҳр Б.Соҳибов оиди бо барқи доимӣ таъмин намудани мавзеи Пойменная, Б.Абдусатторов ва Б.Мухторов барои таъмин намудан бо техникаҳои кишоварзӣ вазифадор карда шуданд. Зимни ҷаласа барои ҷоннок намудани фаъолият дар самти беҳтар намудани ҳолати заминҳо дар ин минтақа ба ҳамаи аъзоён супоришҳои мушаххас дода шуд.
13:31
231
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб