Язык сайта в процессе перевода.

Иди Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоев

Иди Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ҳақиқат ҳам рӯзи баргузории чорабинӣ идгоҳ намуди зебо дошт. Он ҷо бо шиору овезаҳо ва гуфторҳо доир ба Ваҳдати миллӣ ва парчамҳои идона ороиш ёфта буд. Дар чорабинии мазкур беш аз 500 нафар бошандагони ҷамоат иштирок намуданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Бобошукуров Ҳ. табрикоти Раиси шаҳрро ба самъи сокинони ҷамоат расонида, онҳоро ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Ваҳдат шодбош гуфт. Раиси ҷамоат Маҳмудҷон Тӯраев ба сухан баромада, ҳамагонро табрик гуфт ва тансиҳативу хонаободӣ, зиндагии тинҷу осуда таманно кард. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ ғолибони мусобиқаҳо ифтихорномаҳои Раиси ҷамоат супорида шуд. Дар рафти чорабинӣ муҳассилини мактабҳо дар васфи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуданд. Барномаи рангини консертӣ пешкаш гардида, аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуд. Бояд қайд кард, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби роҳбарияти ҷамоат ва саховатмандон шахсони ниёзманд ва маъюб аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Инчунин дар беморхонаи минтақавии №3, сарвараш Шуҳрат Ахмедов ва Маркази саломатии деҳот сарвараш Мурод Ахмедов ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон ба роҳ монда шуд.
16:20
266
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб