Язык сайта в процессе перевода.

Аёдати муҳтоҷону собиқадорон

Аёдати муҳтоҷону собиқадорон

Моҳи Рамазон моҳи хайру сахо ва муборак маҳсуб меёбад. Дар арафаи ин рӯзҳои саид ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси шаҳрӣ Рауфҷон Бобоҷонов дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ аёдати зиёда аз 10 нафар шахсони ниёзманд ва бемору барҷомонда доир карда шуд. Ин вакили саховатпеша, ки пайваста ғамхору дастгири чунин оилаҳо мебошад, ин навбат низ бо расонидани кӯмаки моддӣ ба муҳтоҷон ва собиқадорони меҳнат, ки солҳои гуногун дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият кардаанд, амали хайр ба сомон расонид. Аёдатшудагон аз ин иқдом шоду руҳбаланд гаштанд.

Дар ҷараёни аёдат инчунин мулоқотҳо ороста шуда, аёдатшудагон бо иди Ваҳдати миллӣ табрик карда шуданд.

Воқеан дасти мадад дароз намудан ва қалби нафареро шод кардан кори некест ва хуб мешуд агар аз ҷониби дигарон низ пайгирӣ шавад.

13:08
227
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб