Язык сайта в процессе перевода.

Ҷаласаи муштарак

Ҷаласаи муштарак

Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Р.Ҳамробоев ҷаласаи муштараки шӯъбаи кор бо зан ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши муҳоҷират ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷумла, баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», фарҳанги оиладории ҷавонон, фарҳанги либоспӯшии миллӣ, пешгирии тақлиди либоспӯшии занону духтарони тоҷик ба сарулибоси ба дигар миллатҳо хос буда ва танзими ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон, тарзи либоспӯшии миллии тоҷиконаи занону духтарон махсусан сухан рафт.

Ҳамчунин шомилшавии ҷавонон ба аҳзоби ифротӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, иштирокдорон низ оид ба пешгирии ин кирдори номатлуб ва ташвишовар ақидаҳо иброз доштанд.

15:45
293
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб