Язык сайта в процессе перевода.

Чорабинии фарҳангӣ дар Урдугоҳ

Чорабинии фарҳангӣ дар Урдугоҳ

Бо ташаббуси шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баҳри болидахотирии наврасон дар Урдугоҳи «Парасту», ки дар як гўшаи сабзи диёр воқест, бо дастгирии ҷавонони коллеҷҳои тиббӣ, омўзгорӣ ва шўъбаи фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки боиси хурсандии ҷавонону наврасон гардид. Барномаи рангини консертӣ ва иҷрои рақсу намоиши саҳнаҳо басо хотирмону диққатҷалбкунанда сурат гирифта, дар хотири истироҳаткунандагон нақш баст.

Бояд қайд кард, ки айни ҳол урдугоҳ дар даври якум сад нафар мактабиёнро ба оғўш гирифтааст. Наврасону кӯдакон бо истифода аз шароитҳои хуби фароҳамовардашуда давраи таътили тобистонаро дар оғӯши табиат ҳамроҳи дӯстон хуш мегузаронанд.

Сарвари урдугоҳ Дилором Иброҳимова ба КИШ ҲХДТ барои ташкили ин чорабинӣ миннатдорӣ баён намуд.

15:45
272
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб