Язык сайта в процессе перевода.

Баҳри пешгирии пайдо шудани қарзи музди маош

Баҳри пешгирии пайдо шудани қарзи музди маош

Санаи 21.06.2016 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба бартараф кардани қарзи музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур, ки ҳар моҳ доир карда мешавад, аъзоёни ситод фаъолона ширкат варзиданд.

Муовини Раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Қайд гардид, ки қарзи вуҷуддошта то ин давра ба маблағи 9267 млн сомонӣ бартараф карда шуда, айни ҳол қарз аз музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр вуҷуд надорад ва минбаъд низ бояд чунин идома ёбад. Инчунин дар оянда барои пайдо нашудани қарзи музди маоши кормандон дар ташкилоту муассисаҳо назорати қатъӣ бурда шавад, то ин вазъ нигаронкунанда нагардад.

Зимни баромад ҳамчунин гуфта шуд, ки айни ҳол дар идораи хоҷагии об ва шӯъбаи безараргардонии шаҳр эҳтимолияти ба вуҷуд омадани қарз аз ҳисоби музди меҳнат вуҷуд дошта, бояд ҳатман пешгирӣ карда шавад. Ба масъулини ин соҳаҳо барои пешгирӣ аз ин вазъ муҳлатҳои муайян дода шуда, супориш дода шуд, ки нақша-чорабинии махсус омода намуда, тибқи он корбарӣ ба роҳ монда, назорат баранд.

Аз ҷониби аъзоёни ситод барои пешрафти кор дар ташкилоту коргоҳҳо, дуруст ба роҳ мондани вазъи молиявӣ дар онҳо, пешгирӣ намудани пайдо шудани қарз аз музди маош ва ғайра таклифу дархостҳо пешниҳод гардид.

Дар анҷом кулли аъзоёни ситод баҳри андешидани чораҳои мушаххас бобати пешгирӣ намудани пайдо шудани қарз аз музди маош дар ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд.

16:17
430
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб