Язык сайта в процессе перевода.

Дар шаҳри Конибодом боғчаи нав ифтитоҳ шуд

Дар шаҳри Конибодом боғчаи нав ифтитоҳ шуд

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом боғчаи нав бо номи «Беҳрӯз» ба истифода дода шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, муассисаи хусусии томактабии «Беҳрӯз» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ М. Абдуллоев дар заминаи собиқ бинои идораи ҷамоат бунёд гардида, дар он 75 нафар тарбиятгирандагон дар 3 гурӯҳ ба таълим фаро гирифт шуданд. Маъмурияти боғча икдом дорад, то дар оянда боз 20 нафарро ба оғӯши худ гирифта, шумораи тарбиятгирандагонро ба 100 нафар расонад.


Бунёду ба истифода додани боғчаи мазкур имкон фароҳам овард, то 6 нафар занони маҳаллӣ бо кор таъмин гарданду кӯдакони ин маҳал ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

14:47
315
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб