Язык сайта в процессе перевода.

Рашт аз ҳамкасбони конибодомӣ таҷриба меомӯзад

Рашт аз ҳамкасбони конибодомӣ таҷриба меомӯзад

Барои омӯзиши фаъолияти муассисаҳои «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва соҳаи зиддисилӣ» як гурӯҳи мутахассисони водии Рашт ба шаҳри Конибодом рафтанд. Дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки меҳмонон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи ташкили ҳамкорӣ байни муассисаҳои КАТС ва соҳаи зиддисилии шаҳри Конибодом» баргузор гардид. Иштирокдорони семинар аз ҳолати утоқҳои кории КАТС, марказҳои зиддисилӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҳамчунин аз маркази зиддисилии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ боздид ба амал оварда, бо шароити фаъолияти гурӯҳҳои дастгирии бемории сил шиносоӣ пайдо карданд.


Тавре ки ба АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Лахш Баргигул Аббосова, иштирокчии семинар доир ба пешгирӣ ва табобати бефосилаи бемории сил ва пурзӯр намудани муассисаҳои КАТС гуфт, семинари мазкур дар сатҳи хуб ҷараён гирифта, иштирокдорону меҳмони он бисёр таассуроти нек бардоштанд. Баргузории ин гуна семинарҳо барои дарёфти саривақтии беморони сил, пешгирӣ ва табобати беморӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тандурустӣ барои кормандони ин соҳа бисёр муфид аст.

14:44
218
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб