Язык сайта в процессе перевода.

Амалиёти «Кӯкнор-2016»

Амалиёти «Кӯкнор-2016»

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ситоди шаҳрии «Кӯкнор-2016» баргузор гардид. Ҷаласаро муовини аввали Раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов оғоз бахшида, ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави шаҳр сухан ронд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй қарори Раиси шаҳр «Дар бораи гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2016» дар ҳудуди шаҳр ба тасвиб расидааст, ки тибқи он ин тадбир дар ду марҳила аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр сурат мегирад.

Сипас муовини Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Ҷамшед Бобозода баромад намуда, доир ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ ҷомеаи меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ маърӯза карда, тамоми сохторҳоро ба ҳамкорӣ баҳри пешгирии паҳншавии растании кӯкнор даъват намуд.

Баъдан дар ҷаласа вазифаҳои мақомоти дахлдор ва аъзоёни ситод муайян гардида, ситоди шаҳрии «Кӯкнор-2016» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ҷамоатҳои деҳот низ чунин ситод таъсис дода шуда, гуруҳҳои корӣ якҷоя фаъолият мебаранд.

12:26
350
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб