Язык сайта в процессе перевода.

Ҳукми 24 соли зиндон барои таҷовуз ба номус ва қатли ҳамсоя

Ҳукми 24 соли зиндон барои таҷовуз ба номус ва қатли ҳамсоя

Суди вилояти Суғд сокини 46-солаи ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом Абдушукур Абдуллоевро барои таҷовуз ба номус ва қатли зани 54-сола ба 24 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судяи вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда мутобиқи моддаҳои 255, қ. 1 (Барқасдона нобуд кардан ё зарар расонидан ба амволи каси бегона, ки боиси зарари зиёд шудааст), 138, қ. 1 (Таҷовуз ба номус) ва 104, қ. 2 (Куштори бо бераҳмии махсус содиршуда)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шудааст.

Ба гуфтаи судя, моҳи феврали соли 2016 дар бошишгоҳи саҳроии мавзеи Тукайи ноҳияи Конибодом Абдушукур Абдуллоев дар ҳолати мастӣ ба бошишгоҳи саҳроии ҳамсояаш, зани 54-сола А.С. ворид шуда, бинобар сабаби адоват доштан нисбати ӯ, нахуст занро латукӯб ва сипас ба номусаш таҷовуз карда, бо тахта чандин маротиба ба сараш зарба мезанад, ки бар асари он зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки кормандони мақомоти интизомӣ ҳамсояи сархушу мастро каме дуртар аз ҷойи ҳодиса дастгир кардаанд.

23:13
763
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб