Язык сайта в процессе перевода.

Ҳафт нишони ҳафт муштзан

Ҳафт нишони ҳафт муштзан

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии боксчиёни наврас барои дарёфти мукофоти хотиравии Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Уктам Тошматов доир гашт. Дар он беҳтарин боксчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, 7 нафар муштзанҳои умедбахши Конибодом бо сарварии Шуҳрат Худойназаров маҳорату истеъдоди худро нишон доданд. Натиҷаи ба даст овардаи ин ҳафт нафар ҳамаро ҳайрон кард. Ягон нафари онҳо бемукофот намонданд. Аз ҷумла, дар вазнҳои 28,32 ва 54 кг варзишгарон Набӣ Ҷӯраев, Сулаймон Қодиров ва Амир Иброҳимов бар ҳамаи ҳарифон дастболо шуда, бо медалҳои хурди тиллоӣ ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадршиносӣ карда шуданд. Чор нафари онҳо ба дарёфти медалҳои нуқрагӣ, биринҷӣ комёб гардиданд.

13:14
333
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб