Язык сайта в процессе перевода.

Парвози ҳунар

Парвози ҳунар

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави ҳунарӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба санъату фарҳанг ва ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши фарҳанги шаҳр дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Анис» дар шаҳр кастинг-озмуни истеъдодҳои нав бо номи «Парвози ҳунар» баргузор гардид. Озмун дар толори мактаби санъати бачагонаи шаҳр баргузор гардида, дар он ҳудуди 200 нафар наврасону ҷавонони синни аз 10 то 25 -сола, ки ҳунари сарояндагиву навозандагӣ, рақс, маҳорати актёриву ширинкорӣ, қироати ифоданоки шеърро дороянд, иштирок карданд.

Даври аввал, яъне даври интихобии озмун муштариёни зиёд дошта, даромадгоҳи мактаби санъати бачагона пур аз довталабон буд. Он тайи чанд рӯз идома ёфта, ба баромади соҳибистеъдодҳои ҷавон ҳайати доварон бо роҳбарии мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ баҳогузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ 65 нафар соҳибистеъдодҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

14:39
286
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб